Беш аз 100 нафар ҳунармандони ӯзбек ба Душанбе омаданд

Аваз Юлдошев

Бо хатсайри махсуси ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» беш аз 100 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд.

Онҳо дар консерт таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки рӯзи 9 март бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок мекунанд.

Дар бораи ташрифи ҳунармандони ӯзбек ба Душанбе ба «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дода, ҳамчунин зикр карданд, ки дар ин консерт аз ҷониби Тоҷикистон иштироки 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён дар назар аст.

Ба гурӯҳи ҳунармандони Ӯзбекистон дар ин консерт аз ҷумла Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назаров ва дигарон шомил шудаанд.

Тавре пешбинӣ мешавад, Тоҷикистонро дар ин консерт ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев, сароядагони «Шашмақом» ва дастаҳои рақсӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар консерт ба ҷуз сарони кишварҳо, аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанба ва аҳли ҷомеа низ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нахустин сафари президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе моҳи июни соли 2000 дар толори маҷмааи «Кохи Борбад» консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар баргузор шуда буд.

Он замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ду сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов унвонҳои фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон»-ро тақдим карда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...