Автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон вайрон шуд

Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар доштанд, вайрон шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-NEWS. Дар Департаменти корҳои дохилии вилоят ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар автобуси самти Екатеринбург – Тараз муҳаррикаш (двигатель) аз кор мондааст. «Маълум шуд, ки муҳаррики автобус шикастаааст. Дар автобус 44 мусофир, аз ҷумла 8 нафар занон ва […]

Asia-Plus

Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар доштанд, вайрон шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-NEWS.

Дар Департаменти корҳои дохилии вилоят ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар автобуси самти Екатеринбург – Тараз муҳаррикаш (двигатель) аз кор мондааст.

«Маълум шуд, ки муҳаррики автобус шикастаааст. Дар автобус 44 мусофир, аз ҷумла 8 нафар занон ва 5 нафар ноболиғон ҳузур дошта, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду нафар ронанда шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд», – гуфтаанд дар мақомот пулис.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, хадамоти наҷотбахшӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ин ҳодиса огоҳ карда шудаанд. Масъалаи ба ҷойи дигар бурдани мусофирон ва ба таъмир супурдани воситаи нақлиёт мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.