Тақдими чакани тоҷикӣ ба Осорхонаи мардумшиносии Берлин

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ташриф оварда, бо директори осорхона профессор Ларс-Кристиан Кох дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ байни Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Гуфта мешавад, сафир ба ҷониби […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ташриф оварда, бо директори осорхона профессор Ларс-Кристиан Кох дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ байни Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, сафир ба ҷониби олмонӣ иттилоъ дод, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом гардидааст. Ҷониби олмонӣ омодагии худро барои ташкили намоиши асарҳои рассомони тоҷик ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар бинои нави худ изҳор намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи сӯҳбат сафир ба Осорхонаи мардумшиносии Берлин намунае аз ҳунари мардумии тоҷик – чодари чаканро тӯҳфа намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.