Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

АМИТ «Ховар»

Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе  аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон  доир карда шуда, дар он зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ҳарду давлат иштирок карданд.

«Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи сафари  давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барпо гардид, ки барои рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ҳарду мамлакат мусоидат хоҳад кард», — иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид.

Зикр шуд, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат баргузории намоишу ярмаркаҳо нақши муҳим мебозад. «Соли 2017 ду намоиш-ярмаркаи бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардиданд, ки ба муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор такон бахшида,  дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам овард», – иброз доштааст Шариф Саид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов изҳор намуд, ки  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояро яке аз  самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор дода, рушди босуботи онро аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар арзёбӣ мекунад.

Дар ин раванд дар давоми як соли охир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун рушд ёфта, дар оянда боз тақвият дода мешаванд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад,  ки дар он молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузурги Ӯзбекистон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд  санадҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...