Боздошти гумонбар ба содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо роҳандозии коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Сайғуфрон Ҷангиевро дастгир намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпӯшу отвёртка бо як маҳорати махсус […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо роҳандозии коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Сайғуфрон Ҷангиевро дастгир намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпӯшу отвёртка бо як маҳорати махсус содир мекардааст.  Ӯ аз автомашинаи шаҳрванд Илҳом Мирсаидов дар кӯчаи Алишер Навоӣ бо истифода аз отвёртка шишаи тирезаи автомошинаи номбурдаро шикаста, маблағи пулии 4680 доллари ИМА ва дигар ашёҳои пурарзишро тасарруф намуда, бо ин амал ба ҷабрдида бо асъори миллӣ наздики 40 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

«Тирезаҳои автомашинаи шаҳрванд Хуршед Давлатовро дар назди манзили истиқоматияш шикаста, аз дохилаш 3200 сомонӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои қимматнокро аз они худ карда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 6100 сомонӣ зарари калон расонидааст», – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, отвёртка ва дастпӯш ҳамчун далели шайъии олоти содирнамоии ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дарёфт карда шудааст.  Айни замон боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244-Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.