Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе  аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон  доир карда […]

АМИТ «Ховар»

Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе  аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон  доир карда шуда, дар он зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ҳарду давлат иштирок карданд.

«Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи сафари  давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барпо гардид, ки барои рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ҳарду мамлакат мусоидат хоҳад кард», — иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид.

Зикр шуд, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат баргузории намоишу ярмаркаҳо нақши муҳим мебозад. «Соли 2017 ду намоиш-ярмаркаи бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардиданд, ки ба муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор такон бахшида,  дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам овард», – иброз доштааст Шариф Саид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Адҳам Икромов изҳор намуд, ки  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояро яке аз  самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор дода, рушди босуботи онро аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар арзёбӣ мекунад.

Дар ин раванд дар давоми як соли охир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун рушд ёфта, дар оянда боз тақвият дода мешаванд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад,  ки дар он молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузурги Ӯзбекистон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд  санадҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио