Истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Дар роҳ аз фурудгоҳи пойтахт то қароргоҳи муваққатии президенти Ӯзбекистон, ки қароргоҳи шаҳрии ҳукумат аст, Шавкат Мирзиёевро ҳазор сокинони пойтахти Тоҷикистон бо шиору лавҳаҳо шодбошу хайра мақдам гуфтанд. Ҳайатҳои кишварҳо ба самти Кохи Миллат роҳ пеш гирифтанд Ин ҷо вохӯрии […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Дар роҳ аз фурудгоҳи пойтахт то қароргоҳи муваққатии президенти Ӯзбекистон, ки қароргоҳи шаҳрии ҳукумат аст, Шавкат Мирзиёевро ҳазор сокинони пойтахти Тоҷикистон бо шиору лавҳаҳо шодбошу хайра мақдам гуфтанд.

Ҳайатҳои кишварҳо ба самти Кохи Миллат роҳ пеш гирифтанд Ин ҷо вохӯрии танҳо ба танҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳо баргузор мешавад.

Дар ин дидору гуфтушунидҳо баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳаи молия, нақлиёту коммуникатсия, сайёҳӣ, фарҳанг ва ҷомеа, робитаҳои байниминтақавӣ, беҳтар сохтани шароити сафари шаҳрвандони кишварҳо, мушкилоти минтақавӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо Изҳороти муштараки сарони кишварҳо қабул шуда, имзои Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ имзои беш аз 25 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст, ки ба рушу таҳкими мунсибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.