Мирзиёев: Муносибатҳо бо Тоҷикистонро ба сатҳи стратегӣ мерасонем

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатии дурӯза Тоҷикистон ташриф овард, изҳор намуд, ки Тошканд пайваста муносибатҳо бо Тоҷикистонро дар ҳама самтҳо рушд хоҳад дод. Пеш аз вохӯрии «як ба як»-и сарони кишварҳо сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв барои намояндагони воситаҳои ахбори умум изҳороти кӯтоҳе доданд. «Муносибатҳои Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатии дурӯза Тоҷикистон ташриф овард, изҳор намуд, ки Тошканд пайваста муносибатҳо бо Тоҷикистонро дар ҳама самтҳо рушд хоҳад дод.

Пеш аз вохӯрии «як ба як»-и сарони кишварҳо сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв барои намояндагони воситаҳои ахбори умум изҳороти кӯтоҳе доданд.

«Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ояндаи наздик ба сатҳи стратегӣ расонида мешаванд, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев. – Тошканд пайваста муносибатҳо бо Тоҷикистонро дар ҳама самтҳо рушд хоҳад дод».

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамаҷониба ташаббусҳои Ӯзбекистонро дар масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Дар вохӯрии «як ба як»-и сарони  кишварҳо, ки айни замон дар Қасри миллат ҷараён дорад, баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳаи молия, нақлиёту коммуникатсия, сайёҳӣ, фарҳанг ва ҷомеа, робитаҳои байниминтақавӣ, беҳтар сохтани шароити сафари шаҳрвандони кишварҳо, мушкилоти минтақавӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо Изҳороти муштараки сарони кишварҳо қабул шуда, имзои Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ имзои беш аз 25 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст, ки ба рушу таҳкими мунсибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.