Пешвози раиси вилояти Сурхондарё дар шаҳри Турсунзода

Дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як ҳайати бузурги кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳбарон ва ходимони ҷамъиятии ноҳияҳои наздисарҳадӣ  ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Дар гузаргоҳи назоратии «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода рӯзи 8 март зери навои карнайу сурнай ва бо рақсу суруд раиси вилояти ҳамсояи Сурхондарёи Ӯзбекистон Эркин Турдимовро ботантана пешвоз гирифтанд. Раиси […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як ҳайати бузурги кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳбарон ва ходимони ҷамъиятии ноҳияҳои наздисарҳадӣ  ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

Дар гузаргоҳи назоратии «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода рӯзи 8 март зери навои карнайу сурнай ва бо рақсу суруд раиси вилояти ҳамсояи Сурхондарёи Ӯзбекистон Эркин Турдимовро ботантана пешвоз гирифтанд.

Раиси вилояти ҳамсоякшварро роҳбарон ва фаъолони шаҳри Турсунзода таҳти сарварии раиси шаҳр Абдуқодир Вализода истиқбол намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон ба ин вохӯрӣ ҷиддӣ омода шуда буд. Толибилмон ва ҳунармандони маҳаллӣ аз субҳ меҳмони олиқадрро дар сарҳад интизор буданд. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ бошанд, кори худро қатъ накарда, одамонро ба ҳарду тарафи сарҳад роҳ медоданд.

Хариду фурӯш низ идома дошт. Як қуттӣ тухми Ӯзбекистон 16-17 сомонӣ фурӯхта мешуд. Баъди гузаштан аз сарҳад маҳсулотро савдогарони Тоҷикистон дарҳол харидорӣ мекарданд. Аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя кӯчати гулу ниҳолҳои дарахтон бурда мешуд.

Дар қаламрави Тоҷикистон раиси вилояти Сурхондарёро бо нону асал пешвоз гирифтанд. Турдимов дар шаҳри Турсунзода дер наистода, ба самти Душанбе раҳсипор шуд.

Дар қаламрави Тоҷикистон сокинон хеле зиёд дар ҳаққи ӯ кафкӯбӣ карда, бо парчаму гулҳо ӯро гусел карданд. Ҳама интизори як чизи наве фараҳбахшу дигаргунии куллӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.