Ифтитоҳи бахши тоҷикӣ дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ бахши иттилоотро бо забони тоҷикӣ фаъол намуд.

Айни замон дар он маълумоти марбут ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ҳамчунин хабарҳо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва ғайра гузошта шудааст. Ин бахш аз 9 март кор мекунад.

«Ӯ ба корбарони забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки бо забони модарии худ бо рӯйдодҳои муҳими сиёии кишвар шинос шаванд. Бахши нав бо мусоидати фаъоли ҳайати эҷодии нашрияи Олий Маҷлис ва ҳукумати Ӯзбекистон «Овози тоҷик», ки аз соли 1924 нашр мешавад, таъсис ёфтааст», – қайд мешавад дар маъулмоти ВКХ Ӯзбекистон.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар бораи Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ бо забони ӯзбекӣ маълумот ба нашр расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...