Ифтитоҳи бахши тоҷикӣ дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ бахши иттилоотро бо забони тоҷикӣ фаъол намуд. Айни замон дар он маълумоти марбут ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ҳамчунин хабарҳо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва ғайра гузошта шудааст. Ин бахш аз 9 март кор мекунад. «Ӯ ба корбарони забони тоҷикӣ имкон медиҳад, […]

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ бахши иттилоотро бо забони тоҷикӣ фаъол намуд.

Айни замон дар он маълумоти марбут ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ҳамчунин хабарҳо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва ғайра гузошта шудааст. Ин бахш аз 9 март кор мекунад.

«Ӯ ба корбарони забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки бо забони модарии худ бо рӯйдодҳои муҳими сиёии кишвар шинос шаванд. Бахши нав бо мусоидати фаъоли ҳайати эҷодии нашрияи Олий Маҷлис ва ҳукумати Ӯзбекистон «Овози тоҷик», ки аз соли 1924 нашр мешавад, таъсис ёфтааст», – қайд мешавад дар маъулмоти ВКХ Ӯзбекистон.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар бораи Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ бо забони ӯзбекӣ маълумот ба нашр расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.