Имзои созишномаҳо ба маблағи 620 млн. доллар байни соҳибкорони тоҷику ӯзбек

Asia-Plus

Дар доираи Форуми соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба маблағи умумии 620 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд.

Форуми мазкур дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон санаи 9 март доир гардид.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар чорабинӣ наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соҳибкорони ҳар ду давлат ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории кишварҳои худро тавассути наворҳо муаррифӣ намуданд.

«Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Қайд мешавад, ки баъд аз муколамаи дутарафа ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо оид ба робитаи тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя қарордодҳои байни соҳибкорон ба имзо расонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи Форум ба маблағи зиёда аз 620 млн. доллари амрикоӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...