Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона санаи 15 март мулоқоти кории кории сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Қазоқистон Айдос Укибай дар саҳифаи расмии Акорди дар Facebook зимни зикри ҷадвали кории Нурсултон Назарбоев ба рӯзҳои наздик хабар додааст. Дар маълумот қайд мешавад, ки дар робита ба чорабиниҳои қаблан […]

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона санаи 15 март мулоқоти кории кории сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Дар ин бора котиби матбуотии президенти Қазоқистон Айдос Укибай дар саҳифаи расмии Акорди дар Facebook зимни зикри ҷадвали кории Нурсултон Назарбоев ба рӯзҳои наздик хабар додааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар робита ба чорабиниҳои қаблан пешбинишуда дар сатҳи олӣ, Туркманистонро дар вохӯрӣ раиси Маҷлис хонум Акҷа Нурбердиева намояндагӣ мекунад.

Ҳамин рӯз бо иштироки сарони кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон маросими тантанавии ифтитоҳи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон баргузор шуда, ҳамчунин сарони ду кишвар дар гала-консерти устодони санъат ширкат меварзанд.

Ба ақидаи коршиносони минтақа, ин вохӯрӣ дар самти ҳамкории минтақавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро бори нахуст давоми солҳои тӯлонӣ сарони кишварҳо на дар майдони чорабиниҳои дигар (аз қабили нишасти СҲШ, ИДМ ва ғайра), балки бо ташаббуси худашон дидору гуфтушунид мекунанд.

Ҳадафу вазифаҳои ягонаи кишварҳои минтақа зарурати муҳайё сохтани шароити мусоидро барои равуои озодонаи одамон, интиқоли бемамониати пулу сармоя ва захираҳои корӣ тақозо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.