Ширкатҳои низоми пардохтӣ бояд аз БМТ иҷозатнома гиранд

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати дарёфти иҷозатномаро барои ширкатҳои истифодабаранда аз низомҳои пардохтӣ то охири моҳи март дароз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, мутобиқи қонунн «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», операторони низомҳои пардохти бояд то 2 марти соли равон аз БМТ иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро мегирифтанд.

«Бонки миллӣ бо мактуби худ аз 10 ноябри соли 2017 ташкилотҳои қарзии ватаниро огоҳ намуда буд, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтӣ, аз ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ, ин талаботи қонунро ба инобат гиранд. Ҳангоми саривақт нагирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ, фаъолияти чунин операторони низоми пардохтӣ дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад», – қайд мешавад дар маълумоти БМТ дар ин робита.

Гуфта мешавад, то имрӯз аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ, аз он ҷумла, низомҳои пардохтии байналмилалӣ (аз қабили, Visa int, Mastercard, UnionPay, Western Union, Золотая Корона, Лидер, Юнистрим ва дигарҳо), ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба БМт пешниҳод намуда, дар раванди баррасии ҳуҷҷатҳо номукаммалӣ ва нопуррагии ҳуҷҷатҳои баъзе операторони низомҳои пардохтӣ муайян гардид.

Бартараф кардани камбудиҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мукаммал вақти муайянро талаб намуда, аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ муҳлати дарёфти иҷозатномаро барои ширкатҳои истифодабаранда аз низомҳои пардохтӣ то 28 март дароз кард.

Дар маълумоти Бонки миллӣ қайд мешавад, ки айни замон дар фаъолияти низомҳои пардохтӣ аз ҷониби БМТ ягон маҳдудият гузошта нашуда, аксарияти операторони низомҳои пардохтӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намудааанд ва баъди гирифтани иҷозатнома фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ идома дода истодаанд.

«Ба ширкатҳои тиҷоратие, ки тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо қабули пардохтҳо машғуланд, қонуни дар боло зикргардида имкон медиҳад, ки ширкатҳо бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома баста, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд», –  гуфта мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳои тиҷоратие, ки ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ амал мекунанд, иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро намегиранд.

«Барои ин, ширкатҳои мазкурро лозим аст, ки бо ташкилоти қарзӣ шартнома баста, тибқи талаботҳои дар қонун ва санадҳои меёърӣ муқаррагардида, ҳамчун агентҳои бонкии пардохтӣ фаъолияти худро идома диҳанд», – илова мешавад дар хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...