Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи Hyatt Regence дар Душанба Ҳафтаи мӯд оғоз мегардад. Дар толори Tajikistan Fashion Week сарулибоси мавсими баҳору тобистонро моделйерон аз 7 кишвар муаррифӣ мекунанд; – Дар фурудгоҳи байнулмилалии «Перм» ба самти Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ мегардад. Парвозҳо як маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешаванд. […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи Hyatt Regence дар Душанба Ҳафтаи мӯд оғоз мегардад. Дар толори Tajikistan Fashion Week сарулибоси мавсими баҳору тобистонро моделйерон аз 7 кишвар муаррифӣ мекунанд;

– Дар фурудгоҳи байнулмилалии «Перм» ба самти Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ мегардад. Парвозҳо як маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8241 сомонӣ;

1 евро – 10.8492 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1548 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Урумчӣ – Хуҷанд – Урумчӣ.

2010 — Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи фарҳанги ЭКО боз шуд.

2013 — Бо қарори Суди олии Лондон аз соҳибкори тоҷик Аваз Назаров талаб карда шуд, ки ба тоҷири рус Валерий Воробев ҳудуди 24 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кунад.

2016 — Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як бонки нав – «Бонки байнулмилалии Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

1912 – Зодрӯзи нависанда Разиюлло Абдуллозода.

1930 – Мавлуди дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷумъа Одинаев.

1935 – Зодрӯзи драматург Султон Сафаров.

1937 – Мавлуди журналист Қаландаршо Додарҷонов.

1938 – Зодрӯзи адабиётшинос Ансор Афсаҳов.

1939 – Мавлуди доктори улуми фалсафа Давлатхоҷа Назиров.

1943 – Зодрӯзи Давлат Худоназаров, коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.

1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +90+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф, раъду барқ дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +15+17.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +7+9.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.