Густариши доираи марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell

Яке аз ҳадафҳои асосии ширкат ин хизматрасонии босифат аст. Таъмин намудани хизматрасонӣ маҳз аз марказҳои хизматрасонӣ оғоз меёбад. Ширкати Tcell дар саросари Тоҷикистон шумораи чунин марказҳоро зиёд намуда истодааст. Зиёда аз 8 нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ дар Турсунзодаву Рашт, Душанбеву Қӯрғонтеппа, Хоруғу Сарбанд фаъолияти худро оғоз намудаанд. Мувофиқи нақша, дар моҳи оянда, шумораи чунин марказҳо ба […]

Иттилоияи расмӣ

Яке аз ҳадафҳои асосии ширкат ин хизматрасонии босифат аст. Таъмин намудани хизматрасонӣ маҳз аз марказҳои хизматрасонӣ оғоз меёбад. Ширкати Tcell дар саросари Тоҷикистон шумораи чунин марказҳоро зиёд намуда истодааст.

Зиёда аз 8 нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ дар Турсунзодаву Рашт, Душанбеву Қӯрғонтеппа, Хоруғу Сарбанд фаъолияти худро оғоз намудаанд. Мувофиқи нақша, дар моҳи оянда, шумораи чунин марказҳо ба 30 адад хоҳад расид.

Васеъ намудани нуқтаҳои хизматрасонӣ барои сокинонои  мазеъҳои дурдаст айни муддаост. Ширкат аввалан талаботи аҳолиро ба назар гирифта, ба кушодани чунин нуқтаҳо камари ҳиммат бастааст. Масалан, дар Турсунзода,ки аҳолии он ба 300 ҳазор нафар расидааст, ин 3-юмин марказест, ки дар ин мавзеъ ба кор шурӯъ намудааст. Ифтотоҳи маркази 4-ум низ дар нақша аст.

“Тамоми фаъолиятамон маҳз барои қонеъ намудани талабатҳои муштариёни мост. Дар баробари кушодашавии чунин марказҳо, аҳолӣ метавонад барои харид намудани симкорт ва пайвасти хизматрасониҳои гуногун дигар ба маркази шаҳр нарафта, дар ҷои зисташ аз хизматрасонии босифат баҳраманд гардад. Мо ҳамеша дар ҷустуҷуи роҳи ҳалли мушкилоти муштариёни худ ҳастем”-мегуянд масъулини ширкат.

Дар нуқтаҳои мазкур муштариён метавонанд симкорт харида, ба тарофаи дилхоҳи худ пайваст шаванд. Мутахассисони ширкат ба онҳо дар интихоби тарофа, пайваст намудани интернет ва ғайра кумак хоҳанд кард.

Суроғаҳои марказҳои нави хизматрасонии ширкати Тселл:

* Шаҳри Турсунзода – куч. Парпиев

* Ноҳияи Рашт – куч. И. Сомони (автовокзал)

* Душанбе – микрорайони 33

* Душанбе – куч. А. Ҷомӣ (бозори Дустӣ)

* Қӯрғонтеппа – майдони марказӣ

* Хоруғ – кӯч. Ленин

* Данғара – кӯч . Тағоев

* Сарбанд – кӯч. Борбад   

Ширкати Tcell дорои марказҳои хизматрасонии зиёдест ва ҳамеша дар талоши қонеъ намудани талаботҳои аҳолии кишвар аст. Аз дидори Шумоён дар марказҳои мо шод ҳастем!

_____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.