Боздошти ҷавонону ноболиғон дар пойтахт зимни рейди шабона

Шабонарӯзи гузашта зимни рейди шабонаи кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 22 нафар наврасону ҷавонон боздошт шуданд. Тавре дафтари матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, рейди мазкур ҷиҳати иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» гузаронида шудааст. «Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта зимни рейди шабонаи кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 22 нафар наврасону ҷавонон боздошт шуданд.

Тавре дафтари матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, рейди мазкур ҷиҳати иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» гузаронида шудааст.

«Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 22 нафар аз ҷумла 13 нафар ноболиғон ва 9 нафар ҷавонон боздошт ва ба шуъбаи милитсия оварда шуданд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз онҳо 10 нафар барои оворагардӣ ва 12 нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати волидони ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.