Чор хатсайри равуои автобус байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки имсол на камтар аз 4 хатсайри равуои автобус байни кишварҳоро боз намоянд. Бино ба маълумоти хабаргузории Подробно.uz, ин иқдом ба туфайли созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи алоқаи автомобилӣ, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, имконпазир шуд. «Мо ният дорем, ки имсол байни […]

Asia-Plus

Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки имсол на камтар аз 4 хатсайри равуои автобус байни кишварҳоро боз намоянд.

Бино ба маълумоти хабаргузории Подробно.uz, ин иқдом ба туфайли созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи алоқаи автомобилӣ, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, имконпазир шуд.

«Мо ният дорем, ки имсол байни шаҳрҳои Тирмиз – Душанбе, Тошканд – Хуҷанд, Фарғона – Хуҷанд ва Самарқанд – Панҷакент ва як қатор хатсайрҳои дигар равуои мунтазами автобусҳоро ба роҳ монем», – гуфтааст муовини сардори Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон Шоолим Шоваҳҳобов.

Ёдрас мекунем, ки парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ карда, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон онро сарнавиштсоз номид.

Қобили зикр аст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз санаи 14 март қарор дар бораи тасдиқи созишномаи мазкурро ба имзо расонида, аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бераводид ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

Дар созишномаи мазкур сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар бераводид ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин аз моҳи апрели соли гузашта баъди танаффуси 25-сола байни шаҳрҳои Тошканду Душанбе парвози мунтазами ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.