Милитсияи Душанбе аз занозании оммавӣ пешгирӣ кард

Asia-Plus

Муноқиша ва задухӯрди ду гурӯҳи ҷавонон бояд дар қафои маркази савдои «Саодат» доир мегардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хабари оперативӣ ба даст оварда шуд, ки бегоҳии рӯзи 26 марти соли 2018 дар қафои Маҷмааи тиҷорат ва савдои “Саодат”, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ байни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша ва задухӯрд бо истифода аз силоҳҳои сард пешбинӣ шудааст, ки эҳтимолияти ҷиноятҳои куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҷой доранд.

«Бо хабари мазкур кормандони ботаҷрибаи самти оперативӣ сафарбар карда шуда, тахминан соатҳои 18.00 дақиқаи ҳамон рӯз дар мавзеъи муайяншуда, аз таваққуфгоҳи автомашинаҳо 4 нафар ҷавонони бо корд мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи Ниссан-Максима аломати қайди давлатиаш 2441ЕЕ01 омада буданд, дастгир гардида, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, аз ҷавонони ба мақомоти милитсияи дастрасгардида 4 адад кордҳои калон, ки бо мақсади ҷиноятсодиркунӣ оварда буданд, мусодира карда шуд.

Қайд мешавад, ки дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тахминан соатҳои 22.30 дақиқаи ҳамон рӯз дар кӯчаи Шамсӣ (маконе, ки тибқи маълумоти оперативӣ бояд 2 гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ ҷамъ шуда, муноқиша менамуданд) гурӯҳи дигари ҷавонон иборат аз 4 нафар бо силоҳҳои сард мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш 6767AD01 омада буданд, дастгир гардида, ин гуруҳи ҷавонони мусаллаҳ низ ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ин гурӯҳ низ 2 адад табар, 1 мехкашак, 2 корд, 1 болға ва 1 адад чубдасти оҳанин, ки ба сифати олоти содирнамоии ҷиноят пешниҳодшуда дарёфт ва мусодира карда шудааст

Айни замон нисбати 8 нафар ҷавонони дастрасшуда бо Қарори Суд ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, барои ошкор намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии ин гурӯҳҳои ҷавонони гумроҳ гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...