Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Кохи Борбад Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» идома дорад, ки ба муносибати ҷашни «Наврӯз» баргузор мешавад. Кори намоишгоҳ то 31 март давом мекунад. Вақти кор аз соати 10:00 то 18:00; – Дар маҷмааи «Диёр Душанбе» рӯзҳои 30-31 март конфронси сеюми маркетингӣ (бозоршиносӣ)-и Best Marketing Craft – 2018 «Digital & Creative Days» ба кор […]

АНОНС

– Дар Кохи Борбад Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» идома дорад, ки ба муносибати ҷашни «Наврӯз» баргузор мешавад. Кори намоишгоҳ то 31 март давом мекунад. Вақти кор аз соати 10:00 то 18:00;

– Дар маҷмааи «Диёр Душанбе» рӯзҳои 30-31 март конфронси сеюми маркетингӣ (бозоршиносӣ)-и Best Marketing Craft – 2018 «Digital & Creative Days» ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он масъалаҳои тарзи кор дар вазъи воқеияти нави рақамӣ ва ноил гардидан ба комёбӣ дар пешбурди брендҳо баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе намоишгоҳи асарҳои рассоми машҳури Ҳиндустон Кашинатха Даса ба кори худ идома медиҳад. Вақти кори намоишгоҳ аз соати 09:00 то 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8263 сомонӣ;

1 евро – 10.8731 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Роҳбари Федератсияи футболи байнулмилалӣ (FIFA) Йозеф Блаттер ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Муҳаммад Бин Хаммам дар Данғара ва Норак ду майдони муосир барои футболи хурдро ифтитоҳ намуданд.

1945 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев.

1945 – Мавлуди шоир Усмон Шарифзода.

1948 – Зодрӯзи вакил, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов.

1964 – Мавлуди вакили парлумони Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.

1970 – Зодрӯзи Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +16+21.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.