Сабти якбора се заминларза дар қаламрави Тоҷикистон

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи имрӯз якбора се заминларза рух дод, ки маркази ҳамаи онҳо дар як ҷо – 7 км аз Роғун ҷойгир буд.

Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи аввал соати 3:54 дақиқа ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 102 километрии шаҳри Душанбе, 7 километрии шимолу шарқи Роғун воқеъ буд ва қувваи он дар марказ – 5 балл, шаҳри Душанбе – 2-3 балл ва Роғун – 4 баллро ташкил додааст.

Заминҷунбии дуюм соати 4:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳамин қаламрав ба қайд гирифта шуда, қувваи он дар марказ – 4 балл, Роғун – 3 балл ва дар Душанбе начандон эҳсос шудааст.

Ҳодисаи заминларзаи сеюм соати 7:10-и субҳ ва марказаш боз ҳамон қаламрав – 102 километрии шимолу шарқии шаҳри Душанбе ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун сабт шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ – 3-4 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе он начандон эҳсос шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларза дар марказ ба 4,7 балл баробар будааст.

Маркази заминларза дар қаламрави 120 километрии шарқи Душанбе, 69 километрии шимоли Муъминобод ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 15 километр муайян шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо бар асари ин заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.