Дар Хуҷанд ба меҳмонони самарқандӣ нозукиҳои пухтани нишолло ва сумалакро нишон доданд

Чанде пеш як гурӯҳи зиёда аз 20 нафараи меҳмонон аз шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси шаҳр, дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Раиси маркази маъмурии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода, шоиру нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз истиқболгирии меҳмонон бо карнаю сурнай ва гулу […]

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Чанде пеш як гурӯҳи зиёда аз 20 нафараи меҳмонон аз шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси шаҳр, дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Раиси маркази маъмурии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода, шоиру нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз истиқболгирии меҳмонон бо карнаю сурнай ва гулу гулдастаҳою нону намаку асал, онҳо аз масҷиди «Шайх Маслиҳаддин» ва бозори «Панҷшанбе» боздид намуданд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, муовини Раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев аз фаровонию дастрасии нархи маҳсулоти озуқа дар бозори “Панҷшанбе” тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки “Бозор хеле тозаву ороста ва муҳимтар аз ҳама тамоми анвои хӯрока бо нархи дастрас фурӯхта мешавад. Соҳибкорон худро озод ҳис мекунанд ва ин омили асосӣ аст. Аз ин лиҳоз, мо пеш аз ҳама сипосгузорӣ менамоем ба роҳбарияти олии ҳарду мамлакат, ки чунин имконот ва шароитро ба ду халқи бародар муҳайё сохтанд”.

Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуда, доир ба раванди истеҳсоли матоъи босифати пахтагин мароқ зоҳир намуданд.

Дар тарабхонаи «Дўсти Амирхон»-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ташрифи меҳмонони кишвари ҳамсоя  як барномаи вижаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар он шоиру нависандагон, олимон ва ҳунармандон: Фарзона, Хосият Бобомуродова, Аҳмадҷони Раҳматзод, Асатулло Атоуллоев, Муҳиддини Хоҷазод,  Мардон Мавлонов, Ҷумъа Ҳамроз, Дадохони Эгамзод, Баҳодур Ибодӣ, Дилафрӯз Саидӣ, Толиб Набиев, Ҷӯрабек Набиев ва дигарон баромад намуда, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мулоқоти сатҳи олӣ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳамияти таърихӣ унвон намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти тоҷик рўйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб шуда,  ягон фарди бедордилу меҳанпарастро наметавонад бетараф гузорад. Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофиву таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад.

Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Умедвори намуданд, ки раванди рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, ҳамчунин дар соҳаҳои илму маориф низ қавитар хоҳанд гашт.

Зикр гардид, ки ҷорӣ  намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои доимии  шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз,  кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя   ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳарду кишвар буда,  ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад. Суруду шеърҳои дузабона ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.

Меҳмонони самарқандӣ дар базми суманакпазии чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, нахуст аз растаи ҳунармандони идораву муассиса ва маҳаллаҳои шаҳр боздид намуданд. Ба меҳмонон тарзи пухтани нишолло, сумалак ва дигар анвои наврӯзӣ бо махорати баланд нишон дода шуд. Наврасон аз эҷодиёти даҳонакии халқ сурудҳо замзама намуда, табъи меҳмононро болида намуданд. Анъанаву маросимҳои миллии мардуми тоҷик пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Барномаи муштараки фарҳангии аҳли фарҳанг ва маориф шаҳри Хуҷанд бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Мардон Мавлонов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Узбекистон ва Тоҷикистон бо суруди “Тӯтиҷонам” ба барномаи фарҳанги ҳусни анҷом бахшид.

Сафари дирӯзаи меҳмонони самарқандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо тамошои Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Маҷмааи “Истиқлол” анҷом пазируфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.