Наздикони Назаров мегӯянд, ба беғаразии ташхисгарон бовар надоранд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Наздикону пайвандони сокини 40-солаи Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки санаи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, баъди аз гӯр берун овардани ҷасади ӯ, изҳор намуданд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Абдусамад Назаров, бародари марҳум хабар дод, ҷасади Абдурасул санаи 7 апрел аз гӯр берун оварда шудааст.

Ба қавли ӯ, баъди аз қабр берун овардани ҷасад, коршиносон ба онҳо ҳатто нусхаи хулоса дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаровро пешниҳод накардаанд.

«Ҳамон коршиносоне, ки аввал дар бораи марги ӯ хулоса навишта буданд, ҷасади бародарамро аз гӯр берун оварданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки санад ба прокуратураи пойтахт дода мешавад, ки дар он ҷо аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронанд ва ман бовар надорам, ки онҳо ба прокуратура ягон чизи наве бигӯянд», – қайд кард Абдусамад.

Ӯ ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд кард, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...