Наздикони Назаров мегӯянд, ба беғаразии ташхисгарон бовар надоранд

Наздикону пайвандони сокини 40-солаи Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки санаи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, баъди аз гӯр берун овардани ҷасади ӯ, изҳор намуданд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» Абдусамад Назаров, бародари марҳум хабар дод, ҷасади Абдурасул санаи 7 апрел аз гӯр берун оварда шудааст. Ба қавли […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Наздикону пайвандони сокини 40-солаи Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки санаи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, баъди аз гӯр берун овардани ҷасади ӯ, изҳор намуданд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Абдусамад Назаров, бародари марҳум хабар дод, ҷасади Абдурасул санаи 7 апрел аз гӯр берун оварда шудааст.

Ба қавли ӯ, баъди аз қабр берун овардани ҷасад, коршиносон ба онҳо ҳатто нусхаи хулоса дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаровро пешниҳод накардаанд.

«Ҳамон коршиносоне, ки аввал дар бораи марги ӯ хулоса навишта буданд, ҷасади бародарамро аз гӯр берун оварданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки санад ба прокуратураи пойтахт дода мешавад, ки дар он ҷо аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронанд ва ман бовар надорам, ки онҳо ба прокуратура ягон чизи наве бигӯянд», – қайд кард Абдусамад.

Ӯ ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд кард, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.