Сафарбарии беш аз 1000 нафар наваскарони суғдӣ ба хизмати ҳарбӣ

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Гурӯҳи беш аз 1000 нафараи даъватшавандагон аз вилояти Суғд рӯзи 7 апрел барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ба муносибати гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи “20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” – и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳазорон нафар сокинони вилоят, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, донишҷӯён, волидони ҷавонони даъватшаванда, афсарону сарбозон ва худи даъватшавандагон чорабинии мутантани идона баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ  таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

-Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рўҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро пасисар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омўхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд,– таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Зикр гардид, ки роҳбарияти вилоят минбаъд низ анъанаи аёдати сарбозонро идома дода, барои волидон ҷиҳати аёдати фарзандонашон шароитҳои заруриро фароҳам меоварад ва худи падару модарон метавонанд бо шароити хизмати фарзандонашон аз наздик шинос гарданд. Раиси вилоят дар поёни суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки даъватшавандагон содиқона хизмати Ватанро ба анҷом расонида, бо сари баланд ба назди пайвандонашон боз мегарданд.

Сипас, аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон суруру шодмонӣ намуданд.

Пас аз итмоми барномаи фарҳангӣ барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дар Қасри варзиши маркази вилоят дастархони идона ороста шуд ва наваскарон пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ озими қисмҳои низомӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...