Имзои Барномаи ҳамкорӣ байни ВКХ Тоҷикистону Россия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров рӯзҳои 8-9 апрели соли равон аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд. Гуфта мешавад, зимни гуфтушунидҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров рӯзҳои 8-9 апрели соли равон аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунидҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масоили татбиқи амалии санадҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Россия В.Путин ба Тоҷикистон 27 феврали соли 2017 ба имзо расида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Қайд мешавад, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи сафар байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2018 ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.