Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар толори конфронси «Торонто»-и меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси Душанбе» соати 11:00 нишасти хабарии пеш аз бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) доир мегардад;

– Лоиҳаи “Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон – Марҳилаи IV”, ки бо Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, бо мақсади баҳодиҳӣ ба дастовардҳои лоиҳа дар меҳмонхонаи Азия Гранд  ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаро мегузаронад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8274 сомонӣ;

1 евро – 10.8621 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1468 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Қушӯнҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1919 – Дар Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» бо забони тоҷикӣ ба табъ расид.

1930 – Оғози тавсеаи пахши барномаҳои радио дар Душанбе.

1903 – Мавлуди яке аз асосгузорони илми ботаника дар ҶТ, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, директори Пажуҳишгоҳи ботаника, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Овчинников Павел Николаевич.

1921 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмадҷон Қурбонов.

1938 – Мавлуди овозхон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Карим Қосимов.

1939 – Зодрӯзи арбоби давлатии бахши маориф Бозгул Додхудоева (вазири маориф, сипас муовини нахуствазири ҶТ).

1949 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Дилшод Зикирёхоҷаев.

1956 – Мавлуди журналист Мираҳмади Амиршо.

1968 – Зодрӯзи оҳангсоз ва овозхон Зикруллоҳ Ҳакимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +10+12.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...