Тсеll ба тоҷикистониён 90 чипта ба Русия тақдим намуд!

Иттилоияи расмӣ

Иқдоми “Чипта ба Русия” анҷом ёфт! Тӯли 90 руз, аз 8 январи соли ҷорӣ, иштирокчиёни иқдом имкон пайдо намуданд, чипта бурд намуда, ба шаҳрҳои гуногуни Русия ройгон сафар намоянд.

Тӯли 90 рузи зикршуда, 90 нафар соҳиби чипта ба Русия гаштанд. Ҳар як ғолиби иқдом ҳикояи худро дорост. Баъзеашон фурсат пайдо намуданд то наздикони худро зиёрат намоянд, дигарон имкон ёфтанд то ба Маскаву Санкт Петербург сафар намуда, Майдони Сурх ва Эрмитажро бубинанд. Албата нафароне низ буданд, ки ба сафари корӣ парвоз намуда, аз буҷаи худ сарфакорӣ намоянд. Албатта, баъзе аз ғолибон, ки имкон надоштанд ба Русия бираванд, чиптаҳоро ба дӯсту наздикони худ ҳадя намуданд.

Иқдоми мазкур дар саросари Тоҷикистон иштирокчиёни худро дарёфт намуд: ғолибон аз Хуҷанду Душанбе, Қӯрғонтеппаву Истаравшан, Кӯлобу Турсунзода имкони сафари ройгонро соҳиб гаштанд. Албатта аксари онҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба ҳисоб мераванд. Фаъолтарин ноҳияҳое, ки сокинони он дар иқдом иштирок карданд – Б. Ғафуров, Исфара, Конибодом, Панҷакент ва Ёвон ба ҳисоб мераванд.

Аз 90 нафар ғолибон, 74 нафар аллакай ба Русия сафар намуданд. Боқимонда 16 нафар интизорӣ таърихи сафар ҳастанд. Ғолибон имкон доштанд, то хатсайри худро ба Русия, ки ба он ҷо “Сомон Эйр” парвози мустақим дорад, интихоб намоянд. Маъмултарин шаҳре, ки ғолибон интихоб намуданд, албатта Маскав буд. Баъдан Санкт Петербург, Новосибирск, Краснодар ва Иркутск.

“Мо албатта дарк менамоем, ки бо Русия ҳамкории дӯстона дорем – ҳамватанони мо дар он ҷо таҳсил, кор ва зиндагӣ менамоянд. Баъзе аз ҳамдиёронамон имкон надоранд, то наздикони худро бубинанд. Ҳадафи асосии ин иқдом маҳз ҳамин буд, ки мо ба тоҷикистониён имкон фароҳам оварем, то дӯстону хешу ақрабои худро бубинанд. Бояд зикр намуд, ки тариқи телефони мобилӣ метавон бо онҳо суҳбат намуд. Аммо иқдом имкон фароҳам овард, то онҳоро аз наздик бубинанд” – мегӯянд масъулини ширкат.

Ба муштариёни Tcell танҳо лозим буд, ки ҳамагӣ бо 6 сомонӣ ба бастаи “5 дақиқа ба Русия” пайваст шаванд. Баъдан тариқи паёмак ба онҳо (ID), яъне рамзе, ки 8 шумораро дорост, фиристода мешуд. Маҳз ин шумораҳо дар озмуни ҳаррӯза дар дафтари асосии ширкати Tcell “Tcell Plaza”, тариқи лототрон ва пахши мустақими “Радиои Ватан” интихоб мешуданд ва ба онҳо аз радиои мазкур ба тамос мебаромаданд.

_____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...