Нишасти САҲА ва Тоҷикистон бори нахуст дар чорчӯби мандати нав

Кормандони баландмақом аз САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои арзёбии ҳамкорӣ дар соли 2017 ва таҳияи дидгоҳи муштараки барномавӣ дар соли 2019 имрӯз дар шаҳри Душанбе нишаст баргузор намуданд. Нишасти мазкур ҷаласаи аввалин аз ду машварати солона дар чорчӯби формати нав “Заминаи ҳамкории САҲА – Тоҷикистон” буд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ […]

Кормандони баландмақом аз САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои арзёбии ҳамкорӣ дар соли 2017 ва таҳияи дидгоҳи муштараки барномавӣ дар соли 2019 имрӯз дар шаҳри Душанбе нишаст баргузор намуданд.

Нишасти мазкур ҷаласаи аввалин аз ду машварати солона дар чорчӯби формати нав “Заминаи ҳамкории САҲА – Тоҷикистон” буд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Тоҷикистон бар асоси шарикии воқеӣ, моликияти маҳаллӣ, ошкорӣ ва шаффофият пешбинӣ шудааст.

Роҳбари Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, Сафир Туула Юрёля, тавзеҳ  дод, ки аз соли 2007 САҲА бо ҳамкорон аз Тоҷикистон як маротиба дар як сол дар формати Гурӯҳи кории ҳадафманд нишаст баргузор мекунад. Тибқи мандати таҷдидшуда, ки рӯйкарди ҳамаҷонибаи САҲА-ро ба амният инъикос мекунад, ҷаласаҳои Заминаи (платформаи) шарикӣ давраи нави ҳамкориро дар се ченаки амният боз мекунанд.

“Мо ба он талош хоҳем кард, ки кӯшишҳои мо ба ниёзҳои кишвари мизбон ҷавобгӯ ва бо принсипҳо ва уҳдадориҳои САҲА мувофиқ бошанд. Илова бар кори ҳамаҷонибаи мо дар ченакҳои сиёсӣ-низомӣ ва инсонӣ, мо мунтазири ҳамкории муштарак бо Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими дастгирӣ дар ченаки иқтисодӣ ва муҳити зист ҳастем”, – гуфт хонум Сафир Туула Юрёля.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷаноби Исматулло Насриддин, гуфт: “Вазорати корҳои хориҷӣ ба унвони ҳамоҳангсози фаъолиятҳо ва равобити САҲА бо вазорат ва идораҳои Тоҷикистон ҷиҳати бахшидани шакли нав ба ҳамкории мазкур амал намуд. Нишасти имрӯзаи мо аз нишастҳои қаблӣ мутафовит аст. Пеш аз ҳама, бо истифода аз имконияти фароҳамшуда дар нишасти имрӯза мо ҳадаф дорем, ки ниёзҳо ва пешниҳодҳои худро ба таври возеҳ ва кушоду равшан ба ҳамкорони худ аз САҲА баён намоем”.

Муовини вазир ҷаноби Исматулло Насриддин зикр намуд, ки воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аз солҳои гузашта комилан фарқ дорад ва бо роҳнамоии Президент “мо бояд бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла САҲА барои манфиати кишвари худ ба таври ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоем”.

Сафир Марсел Пешко, директори Маркази САҲА оид ба пешгирии муноқиша, нақши муҳими Тоҷикистонро дар САҲА ҷиҳати пешбурди амният ва суботи минтақавӣ эътироф намуд.

“Мо махсусан дастгирии Тоҷикистонро дар раванди робитаи мутақобилаи САҲА бо Афғонистон қадрдонӣ менамоем. Тоҷикистон барои пуштибонии суботи минтақавӣ ва раванди ҳамгироӣ, аз ҷумла тавассути фаъолияти Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда дар мавқеияти хуб қарор дорад”, – илова намуд Сафир Пешко.

Марко Лападура, раиси Кумитаи машваратӣ оид ба идоракунӣ ва молия ва намояндаи Намояндагии Италия дар САҲА ва “Сегонаи САҲА”, ки дар нишасти мазкур иштирок намуд, аҳамияти кори Дафтари Барномаҳои САҲА-ро дар Душанбе барои дастгирии ҳукумат дар ҳамаи се ченак зикр намуд.

Нишаст бардоштҳои ҷавобии арзишмандеро аз шарикони ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба даст овард, ки барои беҳбуди баъдии кори барномавӣ дар саросари се ченак истифода хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки нишасти дуюми Заминаи шарикӣ дар тобистон ҷиҳати баррасии фаъолиятҳои мушаххасе баргузор хоҳад шуд, ки барои соли 2019 ба нақша гирифта шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.