Қатъи кори ягона муолиҷагоҳи давлатии байторӣ дар Душанбе

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Аз 1 апрели соли равон кори ягона муолиҷагоҳи байтории кишвар дар Душанбе, ки ба Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ тобеъ буд, қатъ шуд.

Ғайр аз ин, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, Хадамоти давлатии зотпарварӣ ва Нозироти давлатии тухмипарварӣ низ қатъ гардидааст.

Ба гуфтаи собиқ директори Хадамоти назорати давлати байторӣ Бобошо Кармишев, дар ин хусус қарори Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст, ки айни замон ба ислоҳоти ин сохтор машғул аст.

«Кумита ният дорад, ки сохтори ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро таъсис диҳад. Ба истилоҳи дигар, ин тадбири муваққатӣ буда, ояндаи наздик ташкилоти нави таҷдидшуда таъсис меёбад», – гуфт вай.

Аммо на ҳама аз пешгӯиҳои хушбинонаи ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.

Ба қавли молики муолиҷагоҳи хусусии байтории Душанбе Маҳмадрасул Болтаев, беш аз 1000 нафар кормандони хадамоти байторӣ аз ҷойи кор маҳрум шуда, вақте ки ӯ бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро назди худаш пешниҳод намуд, посухи возеҳе нагирифт.

«Гӯё ҷойи корӣ (штат) бояд диҳанд, агар надиҳанд, мо ба шумо хабар медиҳем, посух доданд ба ман, – мегӯяд номбурда. – Дар ҳамин ҳол, ҳозир мавсими бемориҳо аст ва Худо накарда, агар эпидемияи сӯхтанӣ (сибирская язва), ҳорӣ (девонагӣ) ё дигар касалиҳо хурӯҷ кунад, мушкилот хеле зиёд мешавад. Давлат бояд хадамоти байторӣ дошта бошад».

Болтаев қайд кард, ки «агар мо таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳониро пайгирӣ мекардем, яъне дар шаҳру ноҳияҳо зери назорати кормандони (нозирони) давлатӣ ҳарчи бештар дармонгоҳҳои хусусии байторӣ мекушодем, вазъ метавонист тағйир биёбад».

Қобили зикр аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳамагӣ яктогӣ дармонгоҳҳои хусусии байторӣ вуҷуд дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо умуман мавҷуд нестанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...