КҲФ аз боронҳои шадиду жола ва раъду барқ огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳарорати ҳаво тағйир меёбад. Се рӯзи оянда дар кишвар ҳаво тағйир меёбад: боронҳои шадиду жола меборанд, эҳтимоли раъду барқ, тӯфонҳои ғуборолуд вуҷуд […]

Маркази матботи КҲФ ва МГ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳарорати ҳаво тағйир меёбад.

Се рӯзи оянда дар кишвар ҳаво тағйир меёбад: боронҳои шадиду жола меборанд, эҳтимоли раъду барқ, тӯфонҳои ғуборолуд вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

Интизор меравад борони сахт борад, раъду барқ, жола (дар кӯҳҳо дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр барфи тар) борад, боди шадид, ки дар як сония 15-20 метр мевазад.

Ҳангоми раъду барқ ва шамоли сахт эҳтимоли канда шудани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, ба замин хӯрдани пояҳои суст насбшудаи иншоотҳо эҳтимол дорад. 

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯфон бо гарду ғубор меояд. Хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ҳоли бориши борону раъду барқ ва боди шадид, зери дарахтон, симчӯбҳо, пояҳои реклом худро пинҳон накунанд. Аз зери тирезаҳо низ дуртар бошанд. Ғайр аз ин ҳангоми борони шадид ва жола аз рафтан ба махзанҳои об, моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба куҳҳо, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар манотиқи кӯҳӣ мерӯянд, низ худдорӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.