Барои робита бо «Салафия» имомхатиб 6 сол зиндонӣ шуд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Суди шаҳри Хуҷанд собиқ имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ин шаҳрро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва таблиғи ақидаҳои ин гурӯҳ, 6 сол зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдуллоҳ Сайдуллоев бар пояи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" ба зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, Хуҷанд, Абдуллоҳ Сайдуллоев, сокини 35- солаи маркази вилояти Суғд, солҳои 2004 – 2007 дар Арабистони Саудӣ таҳсили динӣ карда, баъд аз бозгашт ба ватан, муддате имомхатиби масҷиди "Сари санг"-ро бар ӯҳда дошт ва дар масҷид ва манзилаш ба тарзи салафӣ намоз мегузорид.

Як сокин дар мурофиа бар зидди ӯ шаҳодат додааст, ки дар намозгузорӣ даст боло кардани ӯ вақти шурӯъ кардан ба намоз аз дигарон фарқ мекард ва ӯ ҳамин тавр намоз гузориданро дуруст дониста, ба дигарон талқин менамуд.

Ҳангоми боздошти Сайдуллоев дар моҳи октябри соли 2017, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз манзили зисти ӯ ҳудуди 200 адабиёти динӣ ва бархе мамнӯъ дар Тоҷикистон, мисли китоби "Паноҳгоҳи мусалмон" дарёфт ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин мақомот 2 бародари Абдуллоҳ Сайдуллоевро, ки дар кишварҳои арабӣ қарор доранд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Бар пояи хабарҳои расмӣ, шурӯъ аз соли 2016 дар вилояти Суғд беш аз 20 имом барои узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва пайравӣ аз равияи "Салафия" боздошт ва зиндонӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...