Чаро Хадамоти алоқа WiFi-ро зери назорат гирифтанист?

Asia-Plus

Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 11 апрел дастур додааст, ки масъалаи ба қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқат доштани истифодаи воситаҳои радиоэлектронии алоқа, аз ҷумла ратсияҳо ва WiFi-роутерҳоро дар марказҳои савдо ва бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тарабхонаҳову нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар ин робита супориш дода шудааст, ки ҷиҳати санҷиши фурӯш ва истифодаи роутерҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

«Ин санҷиши мутобиқати пешниҳоди хизматгузорӣ тариқи WiFi-роутерҳо ба қонунгузории кишвар аст, ки пеш аз ҳама, барои солимии аҳолӣ зарур аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Хадамоти алоқа бидуни ифшои ному насаб.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи моддаи 17 (сертификатсияи алоқа) қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ», тамоми воситаҳои алоқаи барқӣ бояд аз сертификатсияи мутобиқат ба меъёрҳои муқарраршуда, шартҳои техникии меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ гузаранд.

«Баъзан роутерҳои истеҳсоли Чин истифода мешавад, ки ба саломатии инсон зарар дорад. Мо уҳдадорем, ки ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунем», – гуфт манбаъ.

Ба қавли сарчашмаи хабар, шахсоне, ки ба воридоти роутерҳо машғуланд бо масъалаи аз сертификатсия гузаштан дучор меоянд.

«Шахсони ҳуқуқӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои WiFi бояд аз Раёсати назорати Хадамоти алоқа иҷозатнома гиранд. Арзиши сертификат ба басомад ва ҳаҷми роутер вобаста аст», – иброз дошт манбаъ, вале аз пешниҳоди маълумот дар бораи нархнома худдорӣ варзид.

Иҷрои қарори мазкурро роҳбари Хадамот Бег Сабур шахсан зери назорат гирифтааст. Дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо, ба санҷишгарон дастур дода шудааст, ки санад ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода, онро ҷиҳати чораҷӯии минбаъда ба Хадамот пешниҳод намоянд. Тасдиқи расмии ин маълумот аз Хадамоти алоқа муяссар нашуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки санҷиш бештар сабабҳои иқтисодӣ дошта, ҷорӣ сохтани гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи хизматрасониҳои WiFi, ба нархи хизматгузориҳои алоқа таъсир мерасонад, зеро акнун ҳар кадоме аз соҳибкорон бо пардохти маблағи муқарраршуда ба Хадамоти алоқа,  бояд ҳатман иҷозатномаи махсус дастрас кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...