Ифтитоҳи Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон дар Душанбе

Asia-Plus

Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе санаи 18 апрел Намоишгоҳи маърифатии «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умии пойтахт иштирок доштанд.

Меҳмонони чорабинии мазкур бошавқ аз гӯшаҳои мактабҳои олии муваффақи Қазоқистон боздид намуда, барои худ маълумоти зарурӣ дарёфтанд.

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов зимни суханронӣ назди ҳозирин изҳор намуд, ки муносбатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла бахши маорифу илм дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

«Чунин тарзи ҳамкорӣ ба мисли ҳамасола баргузор намудани Рӯзҳои маорифи Қазоқистон гувоҳи он аст, ки бо ин васила ҷавонони тоҷик бо шароитҳои қабулу таҳсил ба муассисаҳои таълимии олии Қазоқистон аз наздик ошно мешаванд», – гуфт ӯ.

Муовини ававли вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев дар навбати худ ба намояндагони мактабҳои олии иштирокчии намоишгоҳи Қазоқистон миннатдорӣ изҳор намуда, дар корашон комёбиҳо орзу кард.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур гӯшаҳои мактабҳои олии 21 мактаби олии Қазоқистон ба маърази шиносоиву тамошо гузошта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...