Ниёзи «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба тахфифҳо дар фурудгоҳи Душанбе

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон пешниҳоди тахфифҳоро ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе дархост намудааст. Ширкат зимни анҷоми парвоз бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд зиён мебинад.

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2017 раҳбарияти ширкат ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо дархости пешниҳоди тахфифҳои муайян ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе муроҷиат намуд.

«Аммо то ҳол аз онҳо посухе нарасидааст. Илова бар ин, аз 1 октябри соли гузашта тарифҳо барои хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе қариб ба андозаи 20% зиёд шуданд», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов.

Таъкид шуд, ки ширкат тадриҷан нархи билетҳои ҳавопаймоиро ба хатсайри Тошканд – Душанбе аз 148 доллар то 80 доллар поин овард, то ки арзиши билет ба сатҳи музди меҳнати аксари аҳолӣ мувофиқат намояд.

Дар натиҷа ба ширкати ҳавопаймоӣ муяссар шуд, ки ба афзоиши шумори мусофирон ба андозаи ду баробар – қариб 60 нафар дар як парвоз ноил гардад.

«Дар ин робита мо ҳам умедвор будем, ки тарифҳо ба хизматгузориҳои фурудгоҳро поин мебаранд. Лекин ин кор сурат нагирифта, акнун ширкат маҷбур аст, ки парвозҳо ба Душанберо ба зиёни худ анҷом диҳад», – афзуд намояндаи ширкати ӯзбекистонӣ.

Сарфи назар аз ин, қайд кард Рӯзиматов, ширкат ният дорад, ки аз дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро низ ба Душанбе хатсайрҳои ҳавоӣ боз намояд.

Қобили зикр аст, ки «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз моҳи апрели сол гузашта баъди танаффуси 25-сола ба анҷоми парвозҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуд. Айни замон тариқи ин хатсайр ҳафтае як маротиба (рӯзҳои шанбе) парвоз ба иҷро мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...