БМТ вазъи бамиёномада бо долларро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) камбуди доллари амрикоӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳуриро падидаи мавсимӣ унвон мекунад. Болоравии қурби доллар нисбати сомониро дар БМТ ба поинравии қурби рубли русӣ бар асари таҳримҳои ахири Ғарб зидди Русия нисбат медиҳанд.

«Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус, қурби доллари ИМА-и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад», – қайд мешавад дар маълумоти БМТ.

Болоравии қурби доллари ИМА нимаи дуюми моҳи апрел ба яку якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА дар ин рӯзҳо (то 11,2 фоиз) дар партави таҳримҳои нави кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия рабт дода мешавад.

«Аз эътидол берун паст рафтани қурби рубли русӣ вақтҳои охир ба бозори асъори Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд», – таъкид мекунанд дар Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад,  моҳҳoи январ-апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА устувор боқӣ монда, ҳамагӣ 0,8 фоиз коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2017 коҳишёбӣ ба 7,6 фоиз баробар буд).

Айни замон, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ 3,1 фоиз, асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст (дар ҳамин давраи соли 2017 баландшавӣ ба 12,0 фоиз баробар буд).

Таъкид мешавад, ки санаи 26 апрел фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозори ғайрирасмӣ ба 3,2 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2017 ба 4,6 фоиз) баробар шудааст.

«Бо назардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, раванди имрӯзаи ноустувории қурби пули миллӣ қӯтоҳмуҳлат арзёбӣ гардида, бо барқароршудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо назардошти имкониятҳои мавҷудбудаи Бонки миллии Тоҷикистон (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ), бартараф хоҳад шуд», – қайд мешавад дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки дарёфти доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ ахиран мушкил шудааст: дар аксари бонкҳо ба як даст танҳо то 200 доллар маблағ дода, дар баъзе бонкҳои дигар умуман доллар намефурӯшанд. Дар бонкҳо мегӯянд, бо сабаби вақтҳои охир аз мизоҷон кам ворид шудани ин асъор ба бонкҳо, доллар камёфт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...