Дар ҳудуди 175 ҳазор гектар дар Тоҷикистон пахта кишт шуд

Имсол барои кишти пахта дар Тоҷикистон 187,5 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, то имрӯз дар майдони беш аз 176,6 ҳазор гектар кишти пахта ба анҷом расидааст, ки 94,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта […]

Имсол барои кишти пахта дар Тоҷикистон 187,5 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13,5 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, то имрӯз дар майдони беш аз 176,6 ҳазор гектар кишти пахта ба анҷом расидааст, ки 94,2 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 гектар бештар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми асосии нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба сифати ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Ҳаҷми коркарди ин маҳсулот дар дохили кишвар чандон назаррас нест.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, барои саривақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда ба ин маърака 1 ҳазору 867 адад техника бо тухмипошакҳои муосир сафарбар карда шудааст.

Гуфта мешавад, нақшаи кишти пунбадонаро дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ноҳияҳои Зафаробод, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Леваканд, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Қушониён ба иҷро расониданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки «тавсияҳо»-и маҳз кишти пахта ба болоравии арзиши «тиллои сафед» дар бозори ҷаҳонӣ марбут аст.

Соли гузашта аз ҳисоби коҳиши майдонҳои кишти зироати ғалладона ва растаниҳои хӯроки чорво майдони кишти пахта тақрибан 12 ҳазор гектар зиёд шуд.

Соли 2017 ба кишоварзон бори нахуст тайи солҳои охир муяссар гардид, ки 380 ҳазор тонна ҳосили рекордии пунбадонаро ҷамъ оваранд, ки аз нақша 5,2 фоиз зиёдтар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.