Раиси шаҳри Хуҷанд барои занони ҳунарманд 40 грант таъсис дод

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 40 гранти Раиси шаҳр таъсис дода шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 […]

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 40 гранти Раиси шаҳр таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд, ки дар маҷмӯъ 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мутобиқи ин қарор шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарѓиботию ташвиқотии грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом ҳамчунин баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дўзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чўбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) дар доираи «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағи гранти Раиси шаҳр барои занони ҳунарманд соли гузашта 65 ҳазор сомониро ташкил медод ва имсол беш аз 100 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.