Ҷаримаи ташкилотҳои қарзӣ барои рӯйпӯш кардани маълумот доир ба амалиёти шубҳанок

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти як қатор ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро барои пешниҳод накардани маълумот дар бораи амалиёти шубҳанок бо воситаҳои пулӣ, ки бояд зери назорат бошанд, ҷазо доданд.

Мақомоти судии Тоҷикистон ҳисоботи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии Бонки мииллиро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳбарони яке аз бонкҳо ва чор ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима бастанд.

Дар ҳисоботи барои соли 2017 нашршудаи Департамент ҷазо гирифтани маҳз кадом ташкилотҳои қарзӣ зикр нашудааст. Ҳаҷми умумии ҷарима 13 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Боз се бонк ва як ташкилоти қарзии хурд барои пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳу нодуруст ба Бонки миллӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Бонки миллӣ ба роҳбарони чор бонк дастур дод, ки бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Мутахассисони Департамент дар якҷоягӣ бо мутахассисони дигар Департаменту идораҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ санҷиши ҳамаҷониба ва мавзӯии 8 бонк ва 14 ташкилоти қарзии хурдро гузарониданд.

«Дар натиҷа, иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд  бозхонд гардида, нисбати 7 ташкилоти қарзӣ чораҳои таъсиррасонӣ дар намуди “Ҷарима” ба маблағи умумии 1 млн. 525 ҳазор сомонӣ  сомонӣ татбиқ гардид», – омадааст дар ҳисоботи Департамент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...