Аз ҳунарнамоии Шабнаму «Падида» тамошобинони ӯзбек ба ваҷд омаданд

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик ва ансамбли рақсии «Падида» бо ҳунарнамоии худ иштирокчиёни фестивали «Бойсун баҳори»-ро дар Ӯзбекистон ба ваҷд оварданд. Дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзҳои 28-29 апрел фестивали анъанавии байнулмилалии фолклории кушоди «Бойсун баҳори» доир гардид. Дар фестивал гурӯҳҳои фолклорӣ, ҳофизон, бахши-оқинҳо, олимони фолклоршинос аз минтақаҳои Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон […]

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик ва ансамбли рақсии «Падида» бо ҳунарнамоии худ иштирокчиёни фестивали «Бойсун баҳори»-ро дар Ӯзбекистон ба ваҷд оварданд.

Дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзҳои 28-29 апрел фестивали анъанавии байнулмилалии фолклории кушоди «Бойсун баҳори» доир гардид.

Дар фестивал гурӯҳҳои фолклорӣ, ҳофизон, бахши-оқинҳо, олимони фолклоршинос аз минтақаҳои Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон дар ҷашнвора шахсони расмӣ аз вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода низ ҳузур доштанд.

Дар мавзеи Паданг дар ин фестивал наздики 40 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд, ки миёни онҳо бисёр меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2001 ЮНЕСКО дар қатори 19 минтақаҳои дигаи ҷаҳон Фазои фарҳангии ноҳияи Бойсунро ба феҳристи «Шоҳкориҳои мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният» шомил кард.

Пеш аз оғози фестивал панҷ аэростат ба фазо сар дода шуд, ки дар ҳавои майдон ба парвоз омаданд. Дар ин ҷо фурӯшгоҳҳои гуногун, саҳнаҳо барои ҳунарнамоӣ, бозиҳои миллӣ ташкил крада шуданд.

Дар қатори гурӯҳҳои фолклории Ӯзбекистон санъату ҳунари худро меҳмонони хориҷӣ низ намоиш доданд. Ҳунарнамоии ансамбли «Падида» ва овозхонии Шабнами Сурайёро тамошобинон хеле хуб истиқбол карданд. Фестивал бо овозхонии Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова хотима ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.