Иҷлосияи палатаи болоӣ ва ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон дар як рӯз доир мегардад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе нимаи аввали рӯзи 11 май иҷлосияи понздаҳуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад, ки дар он қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷумла тағйирот ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвнадони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки мутобиқи он муддати 10 рӯзи корӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни қайд дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Айни замон ин муҳлат аз 3 рӯз иборат аст.

Дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон ҳамчунин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ баррасӣ мешавад.

Нимаи дуюми рӯзи 11 май дар Душанбе иҷлосияи навбатии муштараки ҳарду палатаҳои парлумон баргузор мешавад, ки дар он як қатор амрҳои президенти ҷумҳурӣ тасдиқ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...