Истиқболи Тоҷикистон аз вохӯрии сарони кишварҳои Корея

Date:

Тоҷикистон аз вохӯрии таърихии сарони кишварҳои Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ва Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ ин истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

«Тоҷикистон аз баёнияи баимзорасида дар Пханмунҷон дар бораи сулҳу шукуфоӣ ва муттаҳидшавии нимҷазираи Корея истиқбол мекунад. Умедворем, ки нишасти доиргардида байни кишварҳо дар ҳалли ихтилофи чандинсола иқдоми муҳим гардида, ба муколамаи сиёсиву дипломатӣ, ки ба созишу ҳусни тафоҳум асос ёфтааст, оғоз мебахшад», – таъкид мшавад дар изҳорот.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 27 апрел роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба Кореяи Ҷанубӣ омада, бо президенти ин кишвар дидору гуфтушунид кард. Ким Чен Ин нахустин роҳбари Кореяи Шимолӣ мебошад, ки ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related