Дар «осмони Душанбе» суруру хушҳолӣ ҳукмфармо шуд

Умед БОБОХОНОВ, сармуҳаррири Asia-Plus

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар маркази шаҳри Душанбе таҳти унвони «Осмони Душанбе» иди ҷолиб –  нахустин фестивали бодбаракҳоро ташкил кард.

Вақте мо танҳо дар бораи баргузории он эълон кардем, дар поварақҳои шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳое ба мисли «бодбаракҳо ба тоҷикон чӣ муносибате доранд, шумо боз ба мо анъанаҳои бегонаро таҳмил мекунед!» пайдо шуданд.

Ин андешаҳо дуруст нестанд, зеро ба фазо сар додани бодбаракҳо анъанаи қадимаи мо низ ҳаст! Бо забони тоҷикӣ он «бодбарак» ё «лайлак» (воздушный змей) номида мешуд. Солҳои пеш он маъмулан баҳорон, дар ҷашни Наврӯз сурат мегирифт. Ин анъана то ҳол дар ҳамсоякишвари Афғонистон зинда аст: он ҷо ҳар баҳор муҳорибаҳои фазойӣ гузаронида мешаванд, ки дар он бояд бодбараки ҳариф «зада шавад». Дар ин кишвар ҳамаи бачаҳо метавонанд мустақилона бодбарак сохта, онро хеле моҳирона ба фазо сар диҳанд.

Қобили зикр аст, ки ин анъанаро адиби маъруфи Афғонистон Холид Ҳусайнӣ дар асари «Бодбаракбоз» хеле хуб ба қалам додааст.

Баъди анҷоми фестивал бисёре аз душанбегиҳои шиносу ношинос аз мо миннатдорӣ карданд. Дар ин чорабинӣ онҳо тавонистанд замони кӯдакии худро ба ёд оранд, ки аз газетаи «Правда» бодбарак месохтанд. Мардон мехостанд, ки бодбаракҳояшон ҳарчӣ баландтар равад. Ин кор бештар ба писарону духтарони хурдсоли онҳо хуш омад: дидед падари ман чӣ хел – ӯ беҳтарин аст.

Агар дастгирии ширкати «Оби зулол»  – яке аз истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои ташнашикан ва шарбатҳо намебуд, шояд ин андешаи мо ҳамту андеша боқӣ мемонду халос. Ин ширкат шарики генералии чорабинии мо шуд ва ҷашн доир гардид.

Рӯзи 21 апрел ҳазорон душанбегиҳо ба боғи «Наврӯзгоҳ» омада, дар ин ҷо онҳоро бодбаракҳо, рақсу мусиқӣ, бозиву озмунҳо, ғизо ва нӯшокиҳо интизор буданд. Фестивал хеле шавқовару хотирмон гузашта, зиёд хостори онем, ки «Осмони Душанбе» дар пойтахт ба анъанаи нави зебо табдил ёбад. Охир хеле зебост, вақте болои сар бодбаракҳои гуногунранг ба алвонҷ медароянд!

Аз номи дастаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба ҳамаи касоне, ки ташаббуси моро дастгирӣ намуда, ин идро ба Душанбе ҳадя карданд, самимона миннатдорӣ изҳор менамоем.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...