Ба собиқадорони ҷанг дар Суғд 1500 сомонигӣ ҷудо мешавад

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва ба муносибати 73-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ба ҳар кадоме аз иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида мешавад. Бино […]

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва ба муносибати 73-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ба ҳар кадоме аз иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, мувофиқи ин қарор ҳамзамон ба шахсоне, ки дар давраи ҶБВ солҳои 1941 – 1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар ҶБВ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ солҳои 1941 – 1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои ҶБВ солҳои 1941 – 1945» сарфароз гардидаанд, ба маблағи 1 ҳазору 200 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида мешавад.

Дар остона ва рӯзҳои ҷашни Рӯзи ғалаба ба собиқадорони ҷангу меҳнат бепул хизматрасонии тиббӣ расонида шуда, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ Ҳафтаи хотира, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг ва аҳли оилаи дар ҷабҳа ҳалокушудагон ва дигар чорабиниҳо баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев хабар дод, айни замон дар минтақаи шимоли кишвар 101 нафар собиқадорони ҶБВ, 467 нафар коргарони ақибгоҳ ва 4 оилаи ҷанговарони дар майдони набард халокшуда зиндагӣ доранд.

Ду собиқадори ҶБВ – Остон Саидов аз ноҳияи Айнӣ ва Маҳмудалӣ Бобоев аз ноҳияи Ашт моҳи феврали соли равон 100-солагиашонро ҷашн гирифтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.