Ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ бо хориҷиён бидуни суд

Дар Тоҷикистон доир ба расмиёти танзими баҳсҳои тиҷоратӣ бо иштироки миёнаравон – медиаторҳо қонунгузорӣ таҳия мешавад. Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» ҳалли баҳсҳои тиҷоратии бамиёномада байни тоҷирони ватанӣ ва хориҷӣ бидуни муроҷиат ба суд пешбинӣ шудааст. Гурӯҳи кории иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, ҳамчунин вазорату идораҳои марбута барои […]

Дар Тоҷикистон доир ба расмиёти танзими баҳсҳои тиҷоратӣ бо иштироки миёнаравон – медиаторҳо қонунгузорӣ таҳия мешавад.

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи медиатсия» ҳалли баҳсҳои тиҷоратии бамиёномада байни тоҷирони ватанӣ ва хориҷӣ бидуни муроҷиат ба суд пешбинӣ шудааст.

Гурӯҳи кории иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, ҳамчунин вазорату идораҳои марбута барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳанӯз тобистони соли гузашта таъсис ёфта буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Таҳияи лоиҳаи қонун аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Ташкилоти байнулмилалии ҳуқуқи рушд маблағгузорӣ мешавад.

Дар Палата бар ин назаранд, ки қабули қонун «Дар бораи медиатсия» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷиҳати ҳалли алтернативии баҳсҳо шароит фароҳам оварда, ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, моҳи майи соли 2017 назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Маркази медитатсия ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст.

Айни замон аксари ширкатҳои маъруфи ҷаҳон аз тартиботи медитатсия истифода мебаранд. Масалан, таибқи баъзе маълумот, дар ИМА 97%-и баҳсҳои тиҷоратӣ тариқи ин тартиботи алтернативӣ ҳаллу фасл мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.