ХФЗ аз қиматшавии билетҳои ҳавопаймоӣ ба Русия хабар медиҳад

Ояндаи наздик Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ (ХФЗ) тарифҳо ба хизматгузории аэронавигатсиониро дар фазои Русия боло мебарад. Дар ин робита баъди аз ҷониби ҳукумати ФР маъқул донистан, нархҳо ба билетҳои ҳавопаймоӣ дар Русия боло мераванд, зикр мегардад дар сомонаи ин мақомот, менависад Muhojir.news.tj. «Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ лоиҳаи фармон дар бораи болоравии тарифҳо ба хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои […]

Muhojir.news.tj

Ояндаи наздик Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ (ХФЗ) тарифҳо ба хизматгузории аэронавигатсиониро дар фазои Русия боло мебарад. Дар ин робита баъди аз ҷониби ҳукумати ФР маъқул донистан, нархҳо ба билетҳои ҳавопаймоӣ дар Русия боло мераванд, зикр мегардад дар сомонаи ин мақомот, менависад Muhojir.news.tj.

«Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ лоиҳаи фармон дар бораи болоравии тарифҳо ба хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои Русияро таҳия намуд. Ин нархҳо муддати 8 сол иваз нашуда буданд.

«Акнун болоравӣ бо он асоснок мешавад, ки тӯли ин солҳо хароҷоти хадамоти аэронавигатсионӣ зиёд шуд. Ва натанҳо бар асари таваррум, балки аз ҳисоби афзоиши нархҳо ба сӯзишворӣ ва нерӯи барқу таҷҳизот. Дар тарифҳо ва хизматрасонии аэронавигатсионӣ, ки аз ҷониби давлат танзим мешаванд,  бояд индексатсия гузаронида шавад. Нарҳо ба билетҳо низ меафзоянд», – қайд мекунад Российская газета, ки мақолааш дар сомонаи ХФЗ интишор шудааст.

Меъёрҳои боҷи аэронавигатсионӣ дар Русия ҳам барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва ҳам хориҷӣ танзим мешаванд. Тарифҳо қариб ба андозаи 5% зиёд мешаванд.

Масалан, барои ҳавопаймои вазнаш камтар аз ду тонна 100 километри парвоз дар фазои Русия 11,1 доллар (ҳозир – 10,6 доллар) нархгузорӣ мешавад. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия парвоз дар ҳавопаймои начандон калон 351,8 рубл (ҳозир – 335,6 рубл) хоҳад шуд.

Барои ҳавопаймои вазнаш 400 тонна, ки бору мусофиронро ба масофаҳои тӯлонӣ, масалан аз ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ мебарад, ин меъёр баландтар хоҳад буд. Айни замон – 128,4 доллар буда, 134,6 доллар барои 100 километр мешавад. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии русиягӣ – 3238,1 рубл (айни замон – 3089,2 рубл).

Кай ҷорӣ шудани меъёрҳои нав дар лоиҳаи фармон саҳеҳан зикр нашудааст. Лекин аллакай маълум аст, ки аз 1 июли соли 2018 афзоиши меъёри боҷ барои ҳамаи категорияҳои истифодабарандагон дар хатсайрҳои хизматрасонӣ ба андозаи 4,8% дар назар аст.

Провайдери хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Русия Корпоратсияи давлатии ташкили ҳаркат дар фазо мебошад, ки роҳи беҳтарини хатсайрҳоро барои иҷрои парвозҳо омода карда, он ба кам кардани вақти парвоз, сарфаи сӯзишворӣ ва партоби маводи зараровар ба фазо имкон медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳама гуна болоравии тарифҳо хоҳ ба хизматрасонӣ дар фурудгоҳ, хоҳ нархи сӯзишворӣ ва хизматгузории аэронавигатсионӣ мустақиман ба арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ таъсир мерасонанд. Ҳозир ҳам ҳамин тавр аст, мусофирони хатсайрҳои русиягӣ инро ба наздикӣ эҳсос хоҳанд кард.

Алҳол маълум нест, ки билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия чӣ миқдор зиёд мешаванд, лекин на камтар аз 5% хоҳад буд.

Имрӯз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия 15 парвоз анҷом дода мешавад, ки сарчашмаи асосии даромади ҳам ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ҳам фурудгоҳҳи ҷумҳурӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.