Тенниси калон дар Душанбе: аз 36 кишвар меҳмонон меоянд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Мусобиқаи байнулмилалии Tajikistan Open дар Душанбе, ки дар майдонҳои тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон доир мегардад, беш аз 210 нафар аз 36 кишвар ширкат меварзанд.

Мусобиқаҳо байни писарону духтарони синни то 18-сола сурат мегирад. Тибқи рейтинги байнулмилалӣ, чанде аз иштирокчиён ба даври асосӣ роҳ ёфта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври асосӣ қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаҳои пешакӣ 5 май оғоз гардиданд.

Мусобиқаи Tajiristan Open 11 май ба итмом расида, сипас аз 12 то 18 май бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Федратсия – Fed Cup – мусобиқаи байнулмилалии даставӣ байни занон шурӯъ мешаванд.

“Ҳарду мусобиқа ҳам ба категорияи 5-уми низоми мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии тенниси ITF дохил мешаванд. Барои иштирок дар мусобиқаҳо ба ҳар кадоме аз теннисбозон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешавад”, – қайд кард котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев.

Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни мусобиқа аз кишварҳои хориҷӣ тариқи реҷаи онлайн бо интернет худро номнавис кардаанд.

“Ба мо муяссар шуд, ки кишварҳои зиёдро ба мусобиқа ҷалб намоем, – мегӯяд президенти Федератсияи миллии теннис Шоҳин Саидов. – Ин натанҳо ба рушди теннис дар Тоҷикистон, балки ба афзоиши шумори сайёҳон ба ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад”.

Ӯ барои кумак ба Кумитаи ҷавонон ва варзиш, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон, маҷмааи варзишии “Тоҷварз” ва дигар ташкилотҳо миннатдорӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...