Тенниси калон дар Душанбе: аз 36 кишвар меҳмонон меоянд

Дар Мусобиқаи байнулмилалии Tajikistan Open дар Душанбе, ки дар майдонҳои тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон доир мегардад, беш аз 210 нафар аз 36 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқаҳо байни писарону духтарони синни то 18-сола сурат мегирад. Тибқи рейтинги байнулмилалӣ, чанде аз иштирокчиён ба даври асосӣ роҳ ёфта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври […]

Дар Мусобиқаи байнулмилалии Tajikistan Open дар Душанбе, ки дар майдонҳои тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон доир мегардад, беш аз 210 нафар аз 36 кишвар ширкат меварзанд.

Мусобиқаҳо байни писарону духтарони синни то 18-сола сурат мегирад. Тибқи рейтинги байнулмилалӣ, чанде аз иштирокчиён ба даври асосӣ роҳ ёфта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври асосӣ қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаҳои пешакӣ 5 май оғоз гардиданд.

Мусобиқаи Tajiristan Open 11 май ба итмом расида, сипас аз 12 то 18 май бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Федратсия – Fed Cup – мусобиқаи байнулмилалии даставӣ байни занон шурӯъ мешаванд.

“Ҳарду мусобиқа ҳам ба категорияи 5-уми низоми мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии тенниси ITF дохил мешаванд. Барои иштирок дар мусобиқаҳо ба ҳар кадоме аз теннисбозон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешавад”, – қайд кард котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев.

Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни мусобиқа аз кишварҳои хориҷӣ тариқи реҷаи онлайн бо интернет худро номнавис кардаанд.

“Ба мо муяссар шуд, ки кишварҳои зиёдро ба мусобиқа ҷалб намоем, – мегӯяд президенти Федератсияи миллии теннис Шоҳин Саидов. – Ин натанҳо ба рушди теннис дар Тоҷикистон, балки ба афзоиши шумори сайёҳон ба ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад”.

Ӯ барои кумак ба Кумитаи ҷавонон ва варзиш, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон, маҷмааи варзишии “Тоҷварз” ва дигар ташкилотҳо миннатдорӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.