Ба ҳайати АМА табиат, мева ва… кӯрпачаҳои Тоҷикистон хуш омад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳайати сайёҳони ин кишвар аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ боздид карданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, онҳо аз дараи Варзобу Ромит, Қалъаи Ҳисор, аз бозори «Меҳргон» дар Душанбе ва Осорхонаи миллии кишвар боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари Академияи дипломатии Дубай Комил ал-Муайнӣ, нависанда Носир аз-Заҳирӣ, роҳбари нашриёти «Ясамин» Марям аш-Шиносӣ, сардори департаменти фарҳанги шаҳри Шарҷа Фотима ан-Нақбӣ аз сафар ба Тоҷикистон таассуроти хеле хуб бардоштанд.

«Аз ҳама бештар онҳо ба маснӯоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба меҳмонон кӯрпачаҳо аз пахтаи дӯхташуда бо дастони ҳунармандони мардумӣ хеле писанд омаданд», – қайд карданд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки меҳмонон аз табиати афсункори Тоҷикистон ба ваҷд омада, аз меваҳои хушлаззати он низ баҳра бардоштанд.

«Меҳмонон ба ҷалби сайёҳон аз кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, ба онҳо бештар кӯҳнавардӣ, сайёҳии муолиҷавӣ, саёҳат дар макони таърихӣ ва фарҳангӣ шавқовар буд», – хабар доданд дар Кумита.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, семоҳаи аввали соли 2018 беш аз 600 нафар сайёҳон аз АМА ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...