Ба ҳайати АМА табиат, мева ва… кӯрпачаҳои Тоҷикистон хуш омад

Бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳайати сайёҳони ин кишвар аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ боздид карданд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, онҳо аз дараи Варзобу Ромит, Қалъаи Ҳисор, аз бозори «Меҳргон» дар Душанбе ва Осорхонаи миллии кишвар боздид намуданд. Ба иттилои манбаъ, роҳбари Академияи […]

Бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳайати сайёҳони ин кишвар аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ боздид карданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, онҳо аз дараи Варзобу Ромит, Қалъаи Ҳисор, аз бозори «Меҳргон» дар Душанбе ва Осорхонаи миллии кишвар боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари Академияи дипломатии Дубай Комил ал-Муайнӣ, нависанда Носир аз-Заҳирӣ, роҳбари нашриёти «Ясамин» Марям аш-Шиносӣ, сардори департаменти фарҳанги шаҳри Шарҷа Фотима ан-Нақбӣ аз сафар ба Тоҷикистон таассуроти хеле хуб бардоштанд.

«Аз ҳама бештар онҳо ба маснӯоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба меҳмонон кӯрпачаҳо аз пахтаи дӯхташуда бо дастони ҳунармандони мардумӣ хеле писанд омаданд», – қайд карданд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки меҳмонон аз табиати афсункори Тоҷикистон ба ваҷд омада, аз меваҳои хушлаззати он низ баҳра бардоштанд.

«Меҳмонон ба ҷалби сайёҳон аз кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, ба онҳо бештар кӯҳнавардӣ, сайёҳии муолиҷавӣ, саёҳат дар макони таърихӣ ва фарҳангӣ шавқовар буд», – хабар доданд дар Кумита.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, семоҳаи аввали соли 2018 беш аз 600 нафар сайёҳон аз АМА ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.